-
Дастнависи мақола метавонад ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Матн бояд дар муҳаррири матнии MS Word бо ҳарфи Times New Roman, андозаи 14, фосилаи сатрҳо 1,5 омода карда шавад. Андозаи ҳошияҳо: боло – 2,0 см; поён – 2,0 см; чап – 3,0 см; рост – 2,0 см. Ҳамаи саҳифаҳо, аз саҳифаи титулӣ оғоз карда, бояд пайдарпай рақамгузорӣ шаванд.
-
Ҳаҷми мақолаи аслии пурра бояд 15–20 саҳифаро ташкил диҳад; мақолаи обзорӣ – на бештар аз 30 саҳифа; мақолаҳои бахшида ба тавсифи мушоҳидаҳои клиникӣ – на бештар аз 10 саҳифа.
-
Дастнависи мақола бояд аз унсурҳои зерин иборат бошад: УДК, аннотацияҳо (резюме дар се забон); ҳарфҳои ибтидоӣ ва насаби муаллиф (муаллифон); унвон; ҷойи кори муаллифон; муқаддима (аҳамиятнокӣ); мақсади таҳқиқот; қисми асосӣ; хулоса ва рӯйхати адабиёт. Қисми асосии мақолаи аслӣ бояд бахшҳои «Мавод ва усулҳо», «Натиҷаҳо», «Муҳокима»-ро дар бар гирад.
-
Ҳамчунин бояд маълумот дар бораи манбаъҳои дастгирии сарпарастӣ дар шакли грантҳо, таҷҳизот, доруворӣ пешниҳод карда шавад; набудани ихтилофи манфиатҳо тасдиқ гардад ва нишонии мукотиба нишон дода шавад.
-
Дар маълумот оид ба муаллифон насаб, ном, номи падар, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо, вазифа, ҷойи кор (номи муассиса ва воҳиди сохтории он), инчунин идентификаторҳои зерин нишон дода мешаванд: Researcher ID (WoS), Scopus ID, ORCID ID (ҳатмӣ!), SPIN-код (РИНЦ), Author ID (РИНЦ).
-
Дар аннотацияи мақолаи илмии аслӣ бояд бахшҳои «Мақсад», «Мавод ва усулҳо», «Натиҷаҳо», «Хулоса», «Калидвожаҳо» ҳатман ҷудо карда шаванд. Аннотация ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ пешниҳод мегардад (250–300 калима). Аннотацияи хабарҳои кӯтоҳ, мақолаҳои обзорӣ ва ҳолатҳои амалӣ сохторбандӣ намешавад ва ҳаҷми он бояд на камтар аз 150 калима бошад.
-
Бояд танҳо рамзҳо ва ихтисораҳои умумиқабул истифода шаванд. Ҳангоми истифодаи такрории баъзе ибораҳо дар матн, иҷозат дода мешавад, ки онҳо ба шакли ихтисора оварда шаванд ва ҳангоми аввалин зикр дар қавс нишон дода шаванд. Истифодаи ихтисораҳо дар унвон танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ иҷозат аст. Ҳамаи қиматҳои физикӣ бояд дар воҳидҳои Системаи байналмилалӣ (СИ) ифода шаванд. Танҳо номҳои байналмилалии ғайрипатентии доруворӣ иҷозат дода мешаванд.
-
Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд мувофиқи талаботи Vancouver style тартиб дода шавад (https://www.imperial.ac.uk/media/imperial-college/administration-and-support-services/library/public/vancouver.pdf).
Инчунин бояд рӯйхати адабиёт бо транслитератсияи англисӣ пешниҳод карда шавад (намунаи транслитератсия замима шудааст).
Муҳим: Рақамгузории истинодҳо мувофиқи тартиби иқтибос овардан дар матн, на бо тартиби алифбо, дода мешавад. Рақамҳои пайдарпайи истинодҳо дар қавсҳои чоркунҷа нишон дода мешаванд (масалан: [1, 2] ё [1–4] ё [3, 5–8]).
Дар мақолаҳои аслӣ тавсия дода мешавад, ки на камтар аз 15 ва на бештар аз 30 манбаъ иқтибос оварда шавад, дар мақолаҳои обзорӣ – на бештар аз 50. Истинод ба авторефератҳо, диссертатсияҳо, тезисҳо ва мақолаҳо дар маҷмӯаҳои илмӣ, корҳои таълимӣ-методӣ иҷозат дода намешавад. Истинод ба санадҳои меъёрӣ бояд ба шакли эзоҳ (сноска) оварда шавад ва ба рӯйхати адабиёт дохил карда нашавад. Масъулият барои дурустӣ ва пуррагии ҳамаи истинодҳо, инчунин дақиқии иқтибосҳо ба уҳдаи муаллифон вогузор карда мешавад.
-
Ҷадвалҳо бояд дар матни мақола фавран пас аз зикри онҳо ҷойгир карда шаванд, рақамгузорӣ шуда, унвон дошта бошанд ва дар ҳолати зарурӣ эзоҳҳои поёнӣ дошта бошанд. Ҷадвалҳо бояд дар формати Microsoft Office Word 2007 омода карда шаванд.
-
Маводи тасвирӣ (аксҳо, расмҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо) бояд равшан ва контрастнок бошанд ва мувофиқи тартиби иқтибос дар матн рақамгузорӣ шаванд. Диаграммаҳо бояд ҳам дар шакли тасвир дар матн ва ҳам дар шакли электронӣ, ҳамчун файлҳои ҷудогона дар формати Microsoft Office Excel пешниҳод карда шаванд. Дар зернависи микрофотоҳо усули рангкунӣ ва дараҷаи калонкунӣ нишон дода шавад. Нусхаҳои электронии тасвирҳо бояд ҳамчун файлҳои ҷудогона дар формати TIFF ё JPEG бо ҳалли на камтар аз 300 dpi ва андозаи хаттии акс на камтар аз 80×80 мм (тақрибан 1000×1000 пиксел) пешниҳод гарданд.